WAPTJ.RU
Адабиёт
Адабиёт
25. Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост? Рӯзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Чашми ҳар кас бар рухи ёрест, ёри ман куҷост?

Ошиқон ҳар кас ба рӯйи ёри худ хандону хуш,
Ман чунин ғамгин чароям, ғамгусори ман куҷост?

То баранд аз ҷилваи хубӣ ҳиҷолат некӯвон,
Ним ҷавлоне зи сарви гулъизори ман куҷост?

Чанд гардам беқарору сабр ҳар сӯ инчунин,
Он шикебомӯзи ҷони беқарори ман куҷост?

Додгардамро ғамаш бар боду он бадхӯ нагуфт,
Эй ки умре буд хоки раҳгузори ман, куҷост?

Нест хуш бар домани покаш ғубори чун мане,
Бедиле, к-аз гиря биншонад ғубори ман, кучост?

Монд Ҷомӣ дур аз он дар, ваҳ чӣ хуш бошад гаҳе
Бозпурсад, к-он ғариби хоксори ман куҷост?
26. Ба ҳар манзил, ки ҷонони ман он ҷост
27. Аз он дурҷи гавҳар такаллум хуш аст
28. Ғамат то дар дилам манзил гирифтаст
29. Боз ҳавои чаманам орзуст
30. Кас аз хубон вафо ҳаргиз надидаст
31. Ғизоле чун ту дар саҳрои Чин нест
32. Биё, ки шоҳиди бӯстон зи рух ниқоб андохт
33. Ғамат рӯзи маро расми шаб омӯхт
34. Дӣ, ки он нозанин сухан мегуфт
35. Маро ишқи азизе хор кардаст
Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (232)
Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ. Саду як ғазал (101)
Ҳофизи Шерозӣ. Шарҳи бист ғазал (20)
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Шарҳи мунтахаби ашъор (28)
Абдураҳмони Ҷомӣ. Шарҳи мунтахаби «Баҳористон» (1)
© СОМОНАИ WAPTJ.RU 2018 – 2019