Пул гузаронидан ба Тоҷикистон тавассути «Золотая корона»

Дар ин рӯзнома мехоҳам чӣ гуна ба Тоҷикистон пул гузарониданро (интиқоли пул, перевод денег) тавассути «Золотая корона» барои шумо, дӯстони азиз нишон диҳам.

Насб кардани барномаи «Золотая корона»

Аввал бояд барномаи «Золотая корона»-ро дар смартфони худ насб кунед. Барои насб кардани барнома дар Play Mаркет дароед.

Дар «Play Маркет» дароед

Дар ҷустуҷӯйи Play Маркет «Денежные переводы» нависед ва дар ҷустуҷӯ пахш кунед.

«Денежные переводы» навишта пахш кунед

Барномаи «Денежные переводы» пайдо хоҳад шуд. Баъд аз пайдо шудани барнома дар «УСТАНОВИТЬ» пахш кунед.

Дар «УСТАНОВИТЬ» пахш кунед

Каме сабр кунед, то барнома дар смартфони шумо насб шавад. Ҳангоме, ки насб шуд дар «ОТКРЫТЬ» пахш кунед.

Дар «ОТКРЫТЬ» пахш кунед

Акнун шумо барномаи «Денежные переводы»-ро (Яъне «Золотая корона»-ро) дар смартфони худ насб кардед.

Танзимоти барнома

Ҳангоме, ки вориди барнома мешавед забони барномаро интихоб намоед.

Забони барномаро интихоб карда дар «ПРИМЕНИТЬ» пахш кунед

Пас аз он, ки забони барномаро интихоб кардед, барнома иҷозат (разрешение) мепурсад барои истифода бурдани баъзе барномаҳо (контакты, совершение вызовов и управление ими) шумо бояд иҷозат диҳед (яъне дар «Разрешить» пахш намоед).

Акнун дар ҳуҷраи шахсии худ (яъне, личный кабинет) бояд ворид шавем. Барои ин дар ҷое  ки «Номер телефона» навишта шудааст рақами телефони худро ворид кунед ва дар «Получить код» пахш кунед. Ба телефони шумо рамзе (яъне код) меояд он кодро ворид кунед ва дар «ВОЙТИ» пахш кунед. Баъд аз ин шумо дар ҳуҷраи шахсии худ ворид хоҳед шуд.

Пул гузаронидан (перевод)

Барои пул гузаронидан дар аломати «+» (ҷамъ, плюс) пахш кунед.

Дар «+» пахш кунед

Баъд аз пахш кардан «Направление» (яъне, кишваре, ки ба он пул мегузаронед) бояд интихоб кунем. Тоҷикистонро интихоб кунед ва дар он ҷое, ки «Сумма перевода» навишта шудааст миқдори пул барои гузарониданро (яъне, барои интиқол) ворид кунед. Метавонед ҳамчун рубли русӣ (RUB) ё доллари амрикоӣ (USD) равон кунед. Баъд аз ин дар «Продолжить» пахш кунед.

Дар «Продолжить» пахш кунед

Баъд аз ин бояд маълумот оиди шахсе  ки пулҳоро мегирад аз бонк (банк) ворид кунед. Он ҷо, «Номер телефона» – рақами телефонашро, «Фамилия» – насабашро, «Имя» – номашро, «Отчество» – номи падариашро нависед ва дар «ДАЛЕЕ >» пахш кунед.

Ҳамин тавр рақами телефон, насаб, ном ва номи падарии шахсе, ки пулҳоро мегирад нависед

Баъд аз он  ки дар «ДАЛЕЕ >» пахш кардед ҳамчунин насаб, ном ва номи падарии худро ворид кунед.

Ҳамин тавром, насаб ва номи падарии худро ворид кунед

Он чӣ ворид кардаед бисанҷед агар хатогие набошад дар «Далее >» пахш кунед.

«Номер карты» (Рақами корт), «Срок действия» (Мӯҳлати амал) ва се рақаме, ки дар паси корт (карта) қарор доранд ворид кунед

Баъд аз ин дар  «ОПЛАТИТЬ» пахш кунед. Пас аз пахш кардан каме сабр кунед. Як рамзе (яъне, коде) дар телефони шумо (дар рақаме, ки корти шумо (катртаи шумо) дар он пайваст аст) меояд он рамзро ворид кунед.

Масалан код метавонад инчунин бошад 514373

Пас пул бо муваффақият равон карда мешавад. Шумо метавонед ба шахсеро, ки пул равон карда будед (яъне, перевод) рамзи интиқолро (яъне, коди переводро) хабар диҳед. «Номер перевода» (рақами интиқол) – ин ҳамон рамзест (кодест), ки барои гирифтани пулҳо (интиқол, перевод) аз бонк (банк) лозим аст.

Ҳамчунин ин наворе, ки дар бораи «Золотая корона» ҳаст метавонед тамошо кунед.


Дӯстони азиз, инак рӯномаи ман ба охир расид. Агар саволе дошта бошед дар шарҳҳои ин рӯзнома нависед иншоаллоҳ ҷавоб хоҳам дод. Муҳтоҷи дуъоҳои хайри шумо ҳастам. Бо эҳтиром, Saeed Negmat. Вассалом.
« Пред. (1 из 1) След. »
Шарҳҳо 3

1

Ташаккур!

17.11.2018

Саид

Салом алайкум дӯсти

17.11.2018

Saeed

Саъдии Шерозӣ

16.1.2019

*
Саъдӣ